| 1 |
Саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см; |
| 2 |
Ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи - 14; |
| 3 |
Сатри якум - номи маърўза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;/td>
|
| 4 |
Сатри дуюм - насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа; |
| 5 |
Сатри сеюм - номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа; |
| 6 |
Матни маърўза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа. Истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест; |
| 7 |
Ҳаҷми матни маърўза набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд); |
| 8 |
Ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда шавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад; |
| 9 |
Рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад; |
| 10 |
Дар охири мақола таклифу тавсияҳои махсуси илмӣ-назариявӣ ва амалӣ додан лозим аст. |
| 11 |
Матни мақола дар 1 нусха дар коғаз ва дар шакли электронӣ дар формати RTF пешниҳод карда шудааст. |
| 12 |
Дар мақола бояд масъалаҳои назариявии марбут ба мавзӯъ ва ҳалли амалии онҳо инъикос карда шаванд. |