Republic of Tajikistan

734055, Dushanbe, Borbad avn., 48/5

+992(37) 234-88-02

Талаботҳо

Талабот нисбати маърўзаҳои барои чоп пешниҳодшаванда

№ Талабот
1 Саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
2 Ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи - 14;
3 Сатри якум - номи маърўза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;/td>
4 Сатри дуюм - насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
5 Сатри сеюм - номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
6 Матни маърўза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа. Истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
7 Ҳаҷми матни маърўза набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
8 Ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда шавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
9 Рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
10 Дар охири мақола таклифу тавсияҳои махсуси илмӣ-назариявӣ ва амалӣ додан лозим аст.
11 Матни мақола дар 1 нусха дар коғаз ва дар шакли электронӣ дар формати RTF пешниҳод карда шудааст.
12 Дар мақола бояд масъалаҳои назариявии марбут ба мавзӯъ ва ҳалли амалии онҳо инъикос карда шаванд.
№ МАВОДҲОИ ФОРУМИИ ИНДЕКСШАВАНДА
1 Ҳар як мақолаи ба форум қабулшуда дар базаҳои байналмилалии Index Copernicus of Polsha, Zenodo ва Open Aire of Europe, Cyberleninka-и Русия, ҷойгир карда шуда, дар системаи байналмилалии ҷустуҷӯии Google Scholar индексатсия карда мешаванд. Ба ҳар як мақола рақами инфиродии DOI дода мешавад.
2 Ба иштирокчиёни форум нусхаи электронии сертификат, шаҳодатномаи индексатсия ва версияи pdf-и мақолаи индексатсияшуда дода мешавад. Мақолаҳои форум ба таври электронӣ нашр мешаванд.
№ Дар ариза бояд маълумоти зерин пешниход карда шавад:
1 Фамилия, ном, номи падар
2 Кишвар, шаҳр
3 Дараҷаи илмй, унвон
4 Ҷойи кор/таҳсил, вазифа
5 Суроғаи почта (бо индекс), почтаи электронӣ, рақами телефони тамос
6 ORCID
7 Сарлавҳаи маъруза ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
8 Аннотатсия бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
9 Формати иштирок (офлайн, онлайн)

Science and innovation:



Равонкунии маълумот:
Передача данных